Муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Туркия
 
Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкориҳо самарабахш идома доранд. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегарданд.
29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт, ҳамзамон байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Худи ҳамон сол Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. 
Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ифтитоҳ гардид. Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ба кор шурӯъ кард.
То ба имрӯз зиёда аз 50 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.
Дар ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия 6 маротиба боздидҳои расмӣ ва корӣ ҷараён дод, ки онҳо моҳи майи соли 1996, октябри соли 1998, ноябри соли 1999, январи соли 2006, марти соли 2009 ва декабри соли 2010 сурат гирифтаанд. 
Дар навбати худ Президенти Туркия 3 бор - сентябри соли 1995, ноябри соли 2001 ва майи соли 2009 ба Тоҷикистон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ташриф овардааст.
Мавқеи ду кишвар нисбат ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар дигар сатҳҳо низ мунтазам тамос мегиранд, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. 
Моҳи апрели соли 1996 дар Душанбе дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (TIКA) ифтитоҳ гардид.
Дар соҳаи маориф бо иттиҳодияи литсейҳои хусусии Туркия «Озал Шалола» ва «Измир» созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъсис додани шабакаи литсейҳо дар Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки мувофиқи он дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода шаш литсейи муштараки тоҷикию туркӣ кушода шудаанд. 
Мутахассисони тоҷик мунтазам дар барномаҳои бозомӯзӣ, ки аз ҷониби Туркия танзим мешаванд, иштирок менамоянд. Илова ба ин, дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд. 
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф сари вақт мавриди баррасӣ ва хулосабарориҳо қарор гиранд. Шурӯъ аз ҷаласаи аввалини он, ки 19-25 сентябри соли 2000 барпо шуда буд, то ба имрӯз ҳафт ҷаласаи комиссия (солҳои 2001, 2003, 2004, 2005, 2007 ва 2009) гузаронида шудааст.
Мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2010 назар ба соли 2009 ду маротиба афзуда, 437 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод, ки аз он содирот ба 377 млн. ва воридот ба 60 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон паймонкори сохтмони биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, инчунин роҳҳои автомобилгард мебошанд.
Умуман муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд.
 
 
© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul