ҚОИДАҲОИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ РАФТУОМАДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

1. Номгўи ҳуҷҷатҳои рафтуомади Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Ҳуҷҷатҳои рафтуомад барои сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи ҶТ ва ворид шудан ба қаламрави ҶТ инҳоянд, агар мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи дигари њуљљатњо муайян нашуда бошад;

а) Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) Шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
в) Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) Шаҳодатнома дар бораи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Вобаста ба мақсади сафар ва мақоми хидматӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷа сафар мекунанд, намудҳои зерини шиносномаҳо дода мешаванд:
Аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафар кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари хидматӣ, таҳсил, кор мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ - дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандӣ.
Аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафар кардан ба хориҷи кишвар бо мақсадҳои сайёҳӣ, шахсӣ, иқомати доимӣ, кор, истироҳат ва муолиҷа - шиносномаи умумишаҳрвандӣ

2. Тартиби додани шиносномаҳо

• Додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин сурат мегирад:
а) Аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- барои намояндаҳои муассисаҳои давлатӣ - бо дархости хаттии роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, дар сурати мавҷуд будани даъватнома ё қарори коллегияи ташкилотҳои мазкур;
- барои намояндањои ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, дар сурати пешниҳод намудани дархости ташкилот, инчунин фармони роҳбарияти ташкилот дар бораи ба сафари хидматӣ равон намудан, ё даъватнома;
б) Аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо дархости хаттии ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин бо дархости шахсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндаҳои қонунии онҳо дар мавриди доштани даъватнома аз хориҷи кишвар;

• Шиносномаҳои дипломатӣ ба шахсони зерин дода мешавад:

а) Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони он, мушовирони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирон, котиби матбуотиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо ва муовинони онҳо, мудирони шўъбаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) Ба раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў, аъзоёни президиуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати амали ваколатҳои намояндагиашон, ва ба роҳбари дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Ба раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў;
г) Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва муовинони онҳо, раисони Кумитаҳои Давлатӣ ва муовинони онҳо, ба раисони Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Бадахшони Кўҳӣ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) Ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирон, котибони якум, дуюм ва сеюм, атташеҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои муваққатии (миссияҳо) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, консулони генералӣ, консулҳо, вице-консулҳо, агентҳои консулӣ, котибони консулгариҳои генералӣ, курйерҳои дипломатӣ;
е) Ба атташеҳои ҳарбӣ ва ёварони он;
ж) Ба намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) Ба роҳбарон ва ҳайати коркунони дипломатии намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Ҳамкории Иқтисодии Кишварҳои Осиёи Марказӣ;
и) Ба аъзои хонаводаи ба синни 18 солагӣ расидаи шахсони мансабдори номбаршуда, дар ҳолати баромадан ба хориҷи кишвар;
к) Ба роҳбарони муассисаҳои давлатии ҷумҳурявӣ.
Иҷозат дар барои додани шиносномаи хориҷии дипломатӣ аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

• Шиносномаҳои хидматӣ ба шахсони зерин дода мешавад:

а) Ба шахсони мансабдори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо, ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) Ба шахсони мансабдори ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ бо қарори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Иҷозат дар бораи додани шиноснома аз тарафи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро роҳбаладӣ менамояд, дода мешавад.

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul