Сиёсат

Сохти сиёсӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва сермиллат мебошад. Вай сиёсати хориҷию дохилиро мустақилона амалӣ мекунад ва бартарияти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби аҳли умум эътироф гардидаро ба эътибор мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ аст.

Ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ба усулҳои тақсими он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ асос ёфтааст. Ҳар яке аз ин ҳокимият дар доираи ваколати худ мустақилона амал менамояд.


Ҳокимияти қонунгузор

Законодательная власть Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад. Ваколатҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси Олии даъвати нав қатъ мегардад. Ташкил додан ва фаъолияти Маҷлиси Олӣ бо Қонуни конститутсионӣ муайян карда мешавад. Маҷлиси намояндагон дар асоси умумӣ, баробар ва бевоситаи ҳуқуқи интихоб бо овоздиҳии пӯшида интихоб мегардад. Маҷлиси намояндагон дар асоси доимӣ ва касбӣ фаъолият менамояд.

Вакили Маҷлиси намояндагони шахсе интихоб шуда метавонад, киба сини 25 солагӣ расида, ҳадди ақал панҷ соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби таҳсилоти олӣ бошад. Аз чор се ҳиссаи Маҷлиси миллӣ бо роҳи овоздиҳии ғайримустақим дар ҷаласаҳои якҷояи вақилони халқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (якҷоя) интихоб карда мешавад.

Дар Маҷлиси миллӣ вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори баробар намоянда доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон таъин менамояд. Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват кардан фаъолият мекунад. Шаҳрванди ба синни 35 расида ва маълумоти олӣ дошта узви Маҷлиси миллӣ интихоб ва таъин гардида метавонад. Ҳар як собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар худи ӯ истифодаи ин ҳуқуқро рад насозад, якумр узви Маҷлиси миллӣ мебошад. 

Миқдори аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тарзи интихоб карда нашудан ва номувофиқатӣ бо ваколати аъзои Маҷлиси Олӣ бо қонуни дахлдори конститутсионӣ муқаррар карда мешавад. Ғайр аз қабули қонунҳо ба ҷумлаи ваколатҳои ин мақоми ҳокимият таъин кардани интихоботи Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба мақомоти олӣ ва маҳаллии намояндагӣ, тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, Раиси Бонки миллӣ ва муовинони вай, интихоб ва бозхости Раис, муовинони вай ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ, тасдиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тасдиқи буҷет ва дигар вазифаҳо дохил мешаванд. 

Маҷлиси Олӣ соле на кам аз ду бор ба ҷаласаҳои худ ҷамъ меояд. Қонунҳои Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси Олӣ бо аксарияти овозҳои миқдори умумии вакилони халқ қабул карда мешаванд. Қонунҳои конститутсионӣ бо овоздиҳии на кам аз се ду ҳиссаи миқдори умумии вакилони халқ қабул мегарданд. Қонунҳои Тоҷикистон барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Агар Президент бо қонун розӣ набошад вай дар мӯҳлати понздаҳ рӯз онро бо мулоҳизаҳои худ ба Маҷлиси Олӣ бармегардонад. Агар Маҷлиси Олӣ қарори худро бо аз се ду ҳиссаи овозҳо тасдиқ намояд, Президент қонунро имзо мекунад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент Республики Таджикистан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент кафили Сарқонун (Конститутсия) ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои одам ва шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва бутунии ҳудуд, ворисият ва пойдории давлат, амали мувофиқашуда ва ҳамкории мақомоти давлатӣ, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон аст. 

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ, баробар ва ҳуқуқи интихоботии бевосита бо овоздиҳии пӯшида ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб менамоянд. Ҳар як шаҳрванди синни аз 35 то 65 сола, ки забони давлатиро медонад ва на кам аз даҳ соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ дорад, ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ гардида метавонад. Шахсе, ки барои пешбарии вай имзои на кам аз 5 фоизи интихобкунандагон ҷамъ оварда шудааст, ҳамчун номзад ба мансаби Президент ба қайд гирифта мешавад. Як шахс ба на зиёда аз ду мӯҳлат пасиҳам Президент интихоб гардида метавонад. Президенти мамлакат Сарфармондеҳи ҳамаи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳокимияти иҷроия 

Исполнительная власть Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро якҷоя (коллегиалӣ) амалӣ карда, ба системаи мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд, фаъолият кардан ва ҳамкории мувофиқашударо таъмин месозад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад ва баҳри иҷрои самараноки ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.

Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якуми вай ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Ҳукумат роҳбарии самаранокро ба амали иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (моддаи 73). 

Ҳокимияти иҷроияро дар маҳалҳо намояндаи Президент – раиси вилоят, шаҳр, ноҳия амалӣ месозад (моддаи 78). Мақомоти маҳаллии ҳокимият аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат мебошад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, ҳуҷҷату санадҳои Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо Маҷлиси вакилони халқ, ки ба мӯҳлати 5 сол интихоб мегардад, мақоми ҳокимияти маҳаллии намояндагӣ мебошад. Ин мақомот буҷети маҳаллиро тасдиқ, самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал, андозу пардохтҳои маҳаллӣ, усулҳои идоракунӣ ва соҳибияти моликияти коммуналӣ ва ғайраро муайян менамояд. 

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (моддаи 81). 

 

Ҳокимияти судӣ 

Судебная власть Ҳокимияти судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ,Суди ҳарбӣ, ҳамчунин судҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ мегардонанд. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои шахс, манфиатҳои давлат, ташкилотҳо, муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд. Ташкил ва тартиби фаъолияти судҳо бо Қонуни конститутсионӣ муайян карда шудаанд. 

Мӯҳлати ваколати судҳо 10 сол аст. Ҳамаи судяҳо ба мӯҳлати 10 сол интихоб мегарданд. Раис, муовинони раис ва аъзои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодиро Маҷлиси Олӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд, дигар судяҳо бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд. Мутобиқи Конститутсия дахолат ба кори судяҳо манъ аст. Судяҳо ҳангоми фаъолият мустақил буда, танҳо ба Конститусия ва Қонун итоат менамоянд.

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, судҳои ҳарбӣ, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносони аз 30 сола хурд ва аз 60 сола калон набудаи дорои на кам аз 5 сол собиқаи корӣ дар вазифаи судя интихоб карда мешаванд. Ба вазифаҳои судяҳои судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ Суди иқтисодии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шахсони аз синни 25 хурд ва аз 60 боло набудаи дорои камаш 3 сол собиқаи касбии корӣ таъин мегарданд. Судя вазифаи дигарро ишғол карда, вакили мақоми намояндагӣ, узви ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои сиёсӣ буда, бо фаъолияти соҳибкорӣ ғайр аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва педагогӣ машғул гардида наметавонад.

 

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul