Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики муқими Измир

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики муқими Измир

Дар минтақаи Измир зиёда аз 30 донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳҳои гуногун таҳсил доранд. Онҳо асосан дар риштаҳои иқтисодӣ, муҳандисӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва барномасозӣ таҳсил мекунанд. Аксарият аз тариқи бурсаҳое, ки Ҳукумати Туркия барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо намудааст, ба ин донишгоҳҳо дохил шудаанд.

22 феврали соли равон мулоқоти Консули генералӣ М. Сафаров бо донишҷӯёни тоҷик доир гашт.

Консули генералӣ дар сӯҳбат бо донишҷӯёни тоҷик оид ба сиёсати хориҷӣ, дохилӣ ва иҷтимоии кишвар маълумот дода, онҳоро ба рӯҳияи ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ даъват намуд.

Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон бунёди иншооти зиёди азими саноатӣ раванди ворид намудани технологияи навин, рушди саноат ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ идома дорад, аз ин рӯ ҷавонон бояд барои азбар кардани илмҳои дақиқ ва барномасозӣ ҳарчи ҷиддитар машғул шуда, ба ихтисосҳои муҳандисӣ, сохтмон, роҳсозӣ, нақбканӣ, энергетика соҳаҳои дигари технологияи пешрафта ва дигар ихтисосҳое, ки кишвари мо ба онҳо бештар ниёз дорад, диққати зиёд диҳанд. Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо таҳсил буда, қонунҳои амаликунандаи кишвари иқоматро риоя кунанд.

Масъалаи дигаре, ки ба саҳми онҳо расонида шуд, ин хатари зуҳуроти терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ буд. Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари мо аз оромтарин кишварҳо дар минтақа эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, фирефтаи ягон ҳизбу созмон, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд.

Дар фарҷоми сӯҳбат бо донишҷӯён маҳфили озоду ошкоро ва бисёр самимии саволу ҷавоб доир гашт.  

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul