Мулоқот бо Раиси амнияти вилояти Измир

Мулоқот бо Раиси амнияти вилояти Измир

Рӯзи 21 феврали соли 2018 дар мулоқоти Консули генералӣ М. Сафаров  бо Раиси амнияти вилояти Измир ҷаноби Ҳусейн Ашкин  масъалаҳои вазъ дар минтақа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷики муқими минтақаи Измир, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози мулоқот Консули генералӣ  оид ба вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон, густариши ҳамкориҳо ва аҳамияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ  маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар марҳилаи кунунӣ яке аз самтҳои авлавиятноки ҳамкорҳои мо бояд маҳз муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ  бошад.  Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки ҳамкорҳои дар ин самт боз ҳам ҷонноктар кунем.

Ҷаноби Ҳусейн Ашкин оид ба муборизаи Туркия бар зидди террористону экстремистон ва гурӯҳҳои ифротгароӣ маълумот дода, омодагии мақомоти амнияти Измирро барои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишварамон бар зидди терроризм ва гурӯҳҳои ифротӣ иброз дошт.

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul