Мулоқот бо Волии Измир

Мулоқот бо Волии Измир

 

21 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Консули генералӣ М. Сафаров бо Волии Измир ҷаноби Эрол Йилдиз доир гашт. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҷалби сармоя, тиҷорат, илму фарҳанг, сайёҳӣ, энергетика ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Зикр гардид, ки кишварҳои мо барои рушди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, ҷалби сармоя ва тиҷорат имкониятҳои кофӣ доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ  ва тиҷоратӣ самти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар Фармони Президенти кишвар “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расонида шуд, ки он дар рушди тиҷорат ва иқтисод саҳми бузург дорад.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи  байналмилалӣ,  инчунин,  ҷалби  сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ҷаноби Эрол Йилдиз иброз дошт, ки кишварҳои мо барои рушди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, ҷалби сармоя ва тиҷорат имкониятҳои кофӣ доранд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираҳои обӣ, зарфиятҳои барқӣ, масъалаҳои илму фарҳанг ва амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul