МУЛОҚОТИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛӢ М.САФАРОВ БО ВОЛИИ ВИЛОЯТИ ИСТАМБУЛ ВАСИП ШАҲИН

21 феврали соли 2017 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул М. Сафаров бо Волии Вилояти Истамбули Ҷумҳурии Туркия  Васип  Шаҳин баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз муносибатиҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкиму густариши бештари онҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, саноат, савдо, иқтисодиёт, энергетика, фарҳанг ва сайёҳӣ баён намуданд.

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul