Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси амнияти вилояти Истамбули Ҷумҳурии Туркия

Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси амнияти вилояти Истамбули Ҷумҳурии Туркия
31 октябри соли 2017 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул М. Сафаров бо Раиси амнияти вилояти Истамбули Ҷумҳурии Туркия Мустафо Чалишкан баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти амният, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ифротгароиро баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкиму густариши тамосҳои дар ин самт баён намуданд.

© Consulate General of the Republic of Tajikistan in Istanbul